Надорад миннати бори либос аз ҳеҷ каси дӯшам

Набошад чун камони ғайр аз хаданги ғам дар оғӯшам

Чу афлотӯн ба ваҳдати солҳо дар хам кунам маскан

Чу май бо хоми табъону ҳавохоҳон наме ҷӯшам

Ба чандини ҷомаи арзқ ки эй зоҳид ба бурдорӣ

Ту айби ман наме пӯшӣ ва ман айби ту май пӯшам

з худ рафтам нарафтам ҳеҷ гуҳ аз ёд [ ва ] фикри ғам

Басии гаштам чу дидам дар дили шодии фаромӯшам

Ба фарёди куҷо хам мерасад ё шиша ё соғар

Магар дарё шавад мето кунад як лаҳзаи мадҳушам

зи ҳарфи сахти санги кӯдакони беҳтар ки аз дардаш

Нашуд пари хотири девонаи зи ин пар шуд аз он гӯшам

Шаб васлаш набудам бохабар аз нашъаи маҷлис

Съидо бар дили имрӯзи ёди суҳбати дӯшам