Бинмоӣ рӯ ки волаи он рӯй чун гулам
Қурбон шавам туро чаҳ кунам бе таҳаммулам
Як соғари шароби муяссар агар шавад
Дар базми рӯзгори зи аҳли таҷаммулам
Дуздида ҳам накарда фалаки сӯии ман назар
Дар рӯзгор , серумаи чашми тағофулам
Дар ҳар зуҳӯри ишқи зуҳӯрӣ дигар кунад
Дар шаҳру кӯчаҳо саг ва дар боғи булбулам
То мурғи дили зи донаи холаш тамаъ бурид
Не дар шиканҷи зулф на дар қайди кокулам
Аз ҷо ба ҳеҷ боб съидо нарафта ам
Чун хонаи зоди сабру мурӣди таваккулам