Ман на онам ки занами соз ва ба худ гиря кунам

Ханда бар чарх бад андоз ва ба худ гиря кунам

Нест ҷои ин қадари шамъи маро чун фонӯс

То кашами шуълаи овоз ва ба худ гиря кунам

Бинмо сарви қади хеш ки ман фохтаи вор

То шавам аз ҳамаи мумтоз ва ба худ гиря кунам

Нест ошуфтагӣам аз гули рухсор касе

Чун хаёл ту кунам ноз ва ба худ гиря кунам

Ман ҳасрат задаро бода аз он хами мдҳид

Ки хабардор шавам боз ва ба худ гиря кунам

Чарх агар об диҳад аз дами теғ ту шавам

Ҳамчуи фаввораи сарафроз ва ба худ гиря кунам

Сахт мотам задаам навҳа гарон ме хоҳам

То шавандам ҳамаи дмсоз ва ба худ гиря кунам

Бастами эҳром ки бо нағмаи рӯми ҳамчуи хаёл

Дар саропардаи овоз ва ба худ гиря кунам

Шиква чун муддаӣам нест съидои з касе

Гила аз худ кунам оғоз ва ба худ гиря кунам