Гар камари заррин ва ё зар дар камар барбаста ем
Аз хаёли хотири он симбр барбаста ем
Он чунон гирди таъаллуқро зи худ афшонда ем
Каз ғубори роҳ , эҳром сафар барбаста ем
Риштаи тасбеҳ ҷон созем то аз тори зулф
Умрҳо шуд мо ба ин ният камар барбаста ем
Аз дарун бошад ки ҳарф [ ошноӣ бишинавем ]
Гӯши худ бар ҳалқаи берун дар барбаста ем
Баҳри зинати халқ бар дастори хуш печида анд
Ғофиланд аз он ки бар сари дард сар барбаста ем
Ҳар ду озодем мегӯйанд моу сарв ро
Лек кӣ мо ҳамчу ӯ дил бар самар барбастаем ?
Гар яке мурғем вагар симурғ дар назд қазо
Дасту по гум кардаему бол [ ва ] пар барбаста ем
Дар тамошои ҷаҳон бо халқ яксон нестем
Мардумони дил бастаанд ва мо назар барбаста ем
То съидои ғайрро дар базм ӯ набӯд раҳе
Аз камоли рашки мо бар хеши дарбар баста ем