Нохӯрдаи шароб ноб мастем

Нодида худо худопарастем

Хуршед бо мо суҷуд дорад

Ҳар чанд ки мо з хок пастем

Дар куфри саводи аъзами ишқ

Зуннори зи даст фақр бастем

Дидеми ҷуз ӯ фанои мутлақ

Чаҳ таҳт ва чаҳ фавқ ҳар чаҳ ҳастем

Чун баҳри хаёли мавҷ зан шуд

Дар заврақи фикр худ нишастем

Сртои сар коинот гаштем

Аз қайди қуюд ақл ҷустем

Дидеми тилисм буду нобӯд

Бо санг муҳаббаташ шикастем

Ҷузи куфр , раҳе ба дайн надидем

Ҳар чанд ки муъмин аластем

Бенафй нашуд субут , воҷиб

Аз куфр ба зӯри куфр , рстим

Дар қабза қудратем чун мо

Беҳуда ба фикри қабз ва бастем

Бастем назари зи бади съидо

Дар хона офият нишастем