Шудаи шармсор ба даврони ту паймонаи ҳасан

Нигаҳати маст майу чашми ту майхонаи ҳасан

Чаҳ биҳиштӣаст ҷамоли ту ки ҳар ҳалқаи зулф

Шуда дар дидаи ушшоқи прихонаҳи ҳасан

Ба тамошо раваду дида бедор шавад

Гӯш дар хоб агар башнавад афсонаи ҳасан

Нест бо булбули ҷони булбули гулро нисбат

Нест парвонаи ин шамъ чу парвонаи ҳасан

Карда абрӯии ту аз чини ҷабини нақш [ ва ] нигор

Акси тоқӣ ки ба дилҳост зи кошонаи ҳасан

Нест ҷузи холи рухи моҳўшон дар дили мо

Нашавад сабз аз ин хоки биҷузи донаи ҳасан

Хату хол , чашми сияҳ , зулфи парешони ҳозир

Хотир ҷамъ надидем биҷузи хонаи ҳасан

Ошнои дил девона нагардад ҳаргиз

Машраб ҳар ки съидо шудаи бегонаи ҳасан