Магзар зи ростӣ ва бибин бар камоли ман
Аз хок , қад хамида барояд ниҳоли ман
Хуш маънӣаст зоти ту каз покии вуҷӯд
Ҳаргиз набаста сӯрати он дар хаёли ман
Аз касрати зуҳӯр чу хуршед дар ҷаҳон
Шуд умрҳо ки мегузарад моҳу соли ман
Бемор ва хаста гӯям ва аз хештани рӯм
Он дам ки чашми масти ту пурсади зи ҳоли ман
То май рсонмш ба лаб аз хеш май рӯм
Ҷом майаст муршиди соҳиби камоли ман
Дилҳои мурдаро сухан ман диҳад ҳаёт
Ойӣнаро ба ҷӯши дароради мисоли ман
Ёд аз ҷамолу абрӯӣ ӯ медиҳад маро
Моҳи тамому қомат ҳамчун ҳилоли ман
Аз ҳуш рафта дид съидо ва гуфт ёр
Натавон ба чашми ақли ту дидани ҷамоли ман