Бурқаъ аз рух барграфтӣ офтоб омад бурун
Зулфро кардӣ парешон , машк ноб омад бурун
Субҳдам дар фикри он хуршеди тобони хоби барад
Хоб медидам ки моҳ аз ҷома хоб омад бурун
Бехабар будам зи дил имшаб намедонам чаҳ буд
Оҳ кардам субҳдами буи кабоб омад бурун
Гар бипурсад аз шукри ширинии гуфтори худ
Қандро гӯ метавонад аз ҷавоб омад бурун
Маст будам аз нигоҳаши зулф аз як ҷонибӣ
Бастаи занҷирӣ барои эҳтисоб омад бурун
Ман дар ин маҷмӯъаи олам басӣ кардам нигоҳ
Ҳар варақро чун гушӯдам интихоб омад бурун
Обрӯ то чанд резӣ бар дар сангини дилон
Аз барои ташнагон аз санг , об омад бурун
Турфа эксираст дар майхона бар миси вуҷӯд
То ба даҳлезаши даройади шайх , шоб омад бурун
Хизр то кӣ гавҳари мақсӯд май ҷӯӣ ба баҳр
Ин гуҳари доими зи дилҳои хароб омад бурун
Дафтари аъмоли худ пеш аз қиёмат дида ем
Бештар дар номаи ман беҳисоб омад бурун
Боиси ҳиҷрони съидо зон парӣ худ бӯда ам
Ман чу рафтам дар ҳиҷоб ӯ беҳиҷоб омад бурун