Намояди гоҳи абрӯи гуҳи ҷамоли оҳистаи оҳиста
з абр ояд буруни бадару ҳилоли оҳистаи оҳиста
Ба ҳамворӣ кашидам дар бар он сарви сеӣ қад ро
Ту эй булбул ба гӯш гул бинол оҳистаи оҳиста
Аз ин ғавғо чаҳ ҳосил мекунӣ воъиз дар ин маҷлис
Надории ҳол , бории қилу қоли оҳистаи оҳиста
Ғурури ҳасан дар оғози хат аз ғофилӣ бошад
Ки бас бо сабза гул шуд поймоли оҳистаи оҳиста
Съидо ҳарчиро дар дили таъаллуқи бештари дорӣ
Кашии охир аз он чизи инфеъоли оҳистаи оҳиста