Равшангари замон ва заминаст офтоб
Як сафҳа аз китоб мубинаст офтоб
То ҷавҳари вуҷӯд ту омад ба рӯй кор
Моҳаст осмон ва заминаст офтоб
Дар покии вуҷӯди ту ҳарфӣ надида аст
Гуяд касе чунон ва чунинаст офтоб ?
Чун гӯй дар саросари майдони осмон
Паҳлуи набард гӯша нишинаст офтоб
Хуши гӯи сухан ба пастии қудрат назар макун
Дили осмону фикр , заминаст офтоб
Солики хаёлу роҳи худои осмони дил
Шаку гумони ситора яқинаст офтоб
Як дилбарӣаст лек ба ҳангоми меҳру қаҳр
Онаст гоҳи моҳи гуҳ инаст офтоб
Давр аз ҳақиқатаст съидои муҷози байн
Чун бугзарад зи моҳ қаринаст офтоб