Дилами рабӯдаи бути моҳирӣ ба айёрӣ

Ки гӯии бозӣ ӯ чарх шуд ба макорӣ

Ба ҳар сиррӣ ки зи мағз ғурур дид наме

Фалаки зи ғайрати он зот кард ассорӣ

зи заъф гарчи танам хушк кард равғани хеш

Наме кашам чу камони тоби миннати ёрӣ

Ба ёд рӯй ту гул дар чаман парешон аст

зи ҳиҷри чашми ту наргис кашида беморӣ

Куҷои нигоҳ ба тақдир мекунад тираш

Касе ки ёд диҳад бо қазои камондорӣ

Наме кашам дигар аз пои хори роҳи ту ро

з бас кашидаам аз дасти даврят [ хорӣ ]

зи чорсўии муҳаббат касе баради судӣ

Ки сим ашк кунад сарфи қалби бозорӣ

Мудоми дил ба тамошоӣ рӯй дилдорӣ аст

Ки Юсуфаш ба ҳавас мекунад харидорӣ

Агар чаҳ мазҳари неку бади замонаи манам

Вале ҳақиқатам аз хайру шар буд орӣ

Касе ба ваҷҳ ҳасан мешавад ҳасани ҳаргиз

Мақоми ҷаъфарят кӣ расад ба тайёрӣ ?

Хазинаи дили худ сарфи об ва гул кардам

Хароб кардаам ин хонаро ба меъморӣ

Ниҳоли умр ту шуд хушку тухми ҳасрати сабз

Ту сангдил ба ғами обу нони гирифторӣ

Агар з ғайр кунӣ дил ба зӯри бозуии ишқ

Чаҳ чашмаҳо ки аз ин кӯҳ мешавад ҷорӣ

Шароби ғифлати касрати туро асар накунад

зи рамзи нашъаи ваҳдат агар хабари дорӣ

Биёу беҳтар аз ин шеваи ҷафои ангез

Туро ки дода худои қӯти ситамкорӣ

Ба ғайри ҷавру ҷафо аз ту ҳеҷ лоиқ нест

Ки беҳтарини ҳнрҳости мардуми озорӣ

зи бад ба ҳеҷ тариқии умед раҳмат нест

Ки мазраъӣ нашавад сабзи ҷузи накукорӣ

Ҳиҷоб дидан ҷон мешавад назораи тан

Бапуш дидаи съидо агар назари дорӣ