Дидаи берун шуда аз парда ба дидор касе
Ҷон ба лаби омада аз лаъли шкрбор касе
Ҳамчуи тасвири ним зинда валикин дорам
Чашм дар роҳ касе пушт ба девор касе
Наргис аз чашму гул аз даст касе афтода аст
Сунбули овехта аз турраи таррор касе
Ҳар чаҳ дидеми з ҷое ба зуҳӯр омада аст
Хор аз пой касе , сарви зи рафтор касе
Хоҷаи худ дарди дили банда худ ме донад
Нест дар пеш касе ҳоҷати изҳор касе
Ба ғалат кӣ ба сарчашма ҳайвон ме рафт
Хизр май буд агар ташнаи дидор касе ?
Умрҳо шуд ки дар ин доира саргардонанд
Моҳи муштоқ касе , меҳри талабкор касе
Дар ҷаҳон ҳар ки ба шуғлӣаст съидои маъмур
Ту мёўиз ба айбу ҳунару кор касе