Шуд замини такяи гоҳи дарвешӣ
Осмони боргоҳи дарвешӣ
Ҷодаи эмину тариқ хуш аст
То ба ҳақи шоҳроҳи дарвешӣ
Бепар ва бол мерасад то арш
Субҳдами тири оҳи дарвешӣ
НоМуродӣ буд муроди ҳама
Бе паноҳии паноҳи дарвешӣ
Безару зӯри подшоҳоннд
Ин гадоёни роҳи дарвешӣ
Сари хуршеди зер пой кунад
Ҳар ки пӯшади кулоҳи дарвешӣ
Гар ҷаҳон гум шавад нагардад гум
Ҳишмату дастгоҳи дарвешӣ
Пок аз ғайбату риёу ҳасад
Масҷиду хонақоҳи дарвешӣ
Серумаи дидаи съидои бод
Гирди наълин роҳи дарвешӣ