Талхӣ кунад ба коми Хизри оби зиндагӣ

Бедор чун шавад зи шукри хоби зиндагӣ

Аз ғифлатаст ин ҳамаи умри дарози Хизр

Бадтари зи хоби марг буд хоби зиндагӣ

Чун теғи гарм дар паии таҳсили обрӯӣ

Ман борҳо гузаштаам аз оби зиндагӣ

Шабҳои тори умр ба ғифлат гузашта аст

Файзӣ магар барем зи маҳтоби зиндагӣ

Охири сараши зи касрат хамёза шуд ҳубоб

Он кас ки дошт хоҳиш дарёб зиндагӣ

Ҳар рӯзи тори умр наад рӯ ба кӯтаҳӣ

Бекор нест дасти расани тоби зиндагӣ

Ҷони сахттар зи Хизри съидо касе надид

Овардааст то ба чаҳ ҳади тоби зиндагӣ