Ҳар ҷо пайдо шавад шӯру шари девонагӣ

Май занами дасти ҷунунро бар сари девонагӣ

Гар зи авзоъам ҷунун пайдост айб ман макун

Сол ҳо шуд ҳалқаи кӯбам бар дар девонагӣ

Пораи ошуфтагӣ чун гул ба даст оварда ам

То кунам онро нишони афсари девонагӣ

Дар ақолими ҷунун , тадбирро бояд гузошт

Нест роҳии ақлро дар кишвари девонагӣ

Бар хаёлот съидо бингарад аз роҳи шавқ

Ҳар ки мехоҳад бибинад пайкари девонагӣ