Кокули каманди зулф ту шуд доми офтоб
То шуд ғизоли чашми сияҳи роми офтоб
Зон дам ки моҳ рӯй туро дидаам ба хоб
Ҳаргиз набардаам ба ғалати номи офтоб
Зон рӯ ки нози гӯшаи абрӯ буд баланд
Ма мешавад ҳилол ба пайғоми офтоб
Лаъли лабаш ба чашм сиёҳаш наме расад
Нисбат ба ҷом менакунам ҷоми офтоб
Оғози меҳри ним дамии субҳ содиқ аст
Як шом беш нест саранҷоми офтоб
Ҳар шаб барои доштан [ пос ] хотир аст
Машъал фурӯзӣ фалаку боми офтоб
Ҳаргиз наёфт рӯзии худ ғайри қурси нур
То луқма хор хон ту шуд коми офтоб
Ҳаргиз надидаем съидои зи муфлисӣ
Як хирқаи дуруст бар андоми офтоб