Воқиф аз зода ва назода туе
« олами алғибу алшҳодаҳ » туе
Ошиқонро ту мекунӣ сармаст
Тараби афзои ҷоми бодаи туе
Шаҳсаворон ба қӯти ту савор
Дастгири ман пиёдаи туе
Дар раҳмат ба рӯй ҳар ду ҷаҳон
Беғараз бе сабаби кушодаи туе
Фориғ аз дайу ҳолу фардое
Бениёз аз каму зиёдаи туе
Фитна омӯз чашму зулфи сиёҳ
Обрӯии ҷамоли содаи туе
Дар замину замону ғайбу шуҳуд
Қодиру қудрату иродаи туе
Шуълаи пардозу нўроФшони соз
Дар дили соф ва рӯй содаи туе
Дар баёни камоли он маъшӯқ
эй съидои забони кушодаи туе