Девона шудам боз ҷунун мекунам имшаб
эй ишқи мадади соз ки хӯн мекунам имшаб
То ишқ банно гашта ҷаҳон ёд надорад
Айшӣ ки ба ин бахт забун мекунам имшаб
Ғами нахлу самари оҳу нафаси сӯхтаи охир
Худ гӯй ки бе рӯй ту чун мекунам имшаб ?
Силӣ ки баради занги зи ойӣнаи олам
Аз дидаи хўнбор бурун мекунам имшаб
Чун шамъ ба худ гиряи ҷонсӯзи съидо
То кӯии фано роҳнмўн мекунам имшаб