Илоҳӣ ҳал магардон то қиёмати мушкили мо ро
Макун чун лолаи пайдо дар ҷаҳони доғи дили мо ро
Хаёлии соз ёрб ҳар ҷо ки дар базм мо созад
Бипардоз аз ҳикоятҳои олами маҳфили мо ро
Ба шодӣ бигузарон аз тангнои зиндагӣ ёрб
Мабодои ғам дар ин водӣ занад раҳ , маҳмили мо ро
Наме хоҳем дар маҳшари баҳоии хӯни худ аз кас
Ҳамон кун рӯбарӯи як бор бо мо қотили мо ро
Ба обрӯии хушк хештан шодем чу гавҳар
Мабодо тар кунӣ бо оби ҳайвони соҳили мо ро
з бе дардони олами дарди моро кас чаро пурсад
Ки ғайр аз соҳиби дил кас намедонад дили мо ро
Чу гардад устихонами нарм эй пер Муғон бишинав
Ки гар уфтад на бурдорӣ зи пои хами гули мо ро
Дили моро ҳамин саргарм дорад дар харобӣ ҳо
Ки каси ҷуз мо намедонад съидои манзили мо ро