Оҳи гармӣ ки ба ёди ту зи дил ҳо бархест

Мурдае буд зи эъҷоз масеҳо бархест

Наргис аз мастии чашми ту чунин шуд бемор

Сарви озод ба таъзими ту аз ҷо бархест

Ҳар куҷои базми тараби соз ту шуд аз роҳи адаб

Зуд бинишаст зи пои соғар ва мино бархест

Ба ҳавои гули рухсори ту аз пардаи ғайб

Ғунча берун шуду наргис ба тамошо бархест

Ҳар ду ҷо рафтам ва дидам ки зи бадномии ман

Муъмин аз каъбау кофари з килисо бархест

Вой бар ҳол касе ков ба ҷаҳон дил барбаст

эй хушо он ки ба дил аз сар дунё бархест

Аз сари куну макон аз таҳи дил бар сари дил

Ба умедӣ ки нишинии ту съидо бархест