Ҳар он дилӣ ки ба зулфи бутӣ гирифтор аст
зи доми ҷустаи тасбеҳу қайд зуннор аст
Чаро ба сар назанад лоларо ки он доғӣ
Миёни сӯхтагони ошиқ вафодор аст
Ҷаҳон ба хонаи торик ва танг ме монад
Ки ҳар тараф биравӣ пеш рӯй девор аст
Агар чаҳ хотами дилҳо ба ном ӯст чаҳ суд ?
Ки чун нигини сулаймон ба даст ағёр аст
Чаро ту сари маро фош мекунӣ эй шайх ?
Магари ту бандаи он нестӣ ки саттораст ?
Фидоӣ ӯ накунам рӯҳро ки чизе нест
Вагарна додани ҷони пеши ман на душвор аст
Ҳавои доғи съидо ба сар аз он дорам
Ки лола бар сари шӯридаи зеб дастор аст