Ошиқонро дар ҷаҳони фикру хаёл дигар аст
Ғайри такмили худ эшонро камол дигар аст
Моҳрӯёни ҷаҳон монанди ёрам нестанд
Дилбари моро ҷамоли хату хол дигар аст
Фатвои пер хароботаст бояд гӯш кард
Ҳар ки резади обрӯи хамро вабол дигар аст
Бор ҳастӣ бар дарахт нестӣ барбаста Эй
Гаштае мағрури фаръу асли мол дигар аст
Пери гаштӣ ва ҷавонӣ мекунӣ бо зӯру ҳирс
Бо худо эй бе хабари имсоли сол дигар аст
Зоҳидӣ аз роҳи ғифлат дар надомат май раванд
Орифонро аз ибодати инфеъол дигар аст
Бар ҳазизаши Ҷабраил аз қӯт парвоз монад
Тоири авҷи вафоро пару бол дигар аст
Зоҳдо дар базми мо донистаи хоҳӣ омадан
Роҳу расм дигарасту қилу қол дигар аст
Накҳати ишқ аз гулистони ҷаҳони ҳаргизи мбўӣ
Зон ки ин гул эй съидо аз ниҳол дигар аст