Дили нохудои баҳри тамошоӣ дигар аст
Ин гавҳари ягонаи зи дарёӣ дигар аст
Доғи ту кӣ ба ҳар дил ва ҳар сина ҷо кунад
Ин лолаи зебу зинати саҳроӣ дигар аст
зи оби ънби каси ин ҳама мастӣ наме кунад
Кайфияти ман аз майу миноӣ дигар аст
Зоҳид аз ин ибодати зоҳир чаҳ фоида
Тан дар миёни масҷиду дили ҷой дигар аст
Дар ҳар тараф ки майнигарӣ аз миёни халқ
Фарёду шӯру нолау ғавғоӣ дигар аст
Зикри тариқи ишқ , Карим ва раҳим нест
Вирди балокашони ту асмоӣ дигар аст
Бовар макун ки дар ду ҷаҳони соҳиби сухан
Дарвеш дигарасту съидоӣ дигар аст