Дар хароботи Муғонами ҷо бас аст
Аз ду олами соғару мино бас аст
Кист оради тоқати назора аш
Як нигоҳ ӯ ба оламҳо бас аст
Шоҳиди ҳиммати баландиҳои мо
Дар назари он қомати раъно бас аст
Чун даҳуми фардои ҷавоби нома ро
Безабониҳои мо гуё бас аст
Нест мأўоиии марои ҷузи баҳри дил
Ҷои гавҳар дар дили дарё бас аст
Қомат ӯ аршро помол кард
Ишқро миъроҷи он боло бас аст
Аз ҷунунами кун бар ҳам ме хӯрд
Олимиро ин дили шайдо бас аст
Дар назар дорем доими лаъли ёр
Шоҳиди мо чашми хӯни поло бас аст
Дар мазоқи ман съидо то абад
Завқи он яктоӣ беҳамто бас аст