Ҳукми сухани надодам ҳар дами забони худ ро
Беҳудаи вонкрдми қуфли даҳони худ ро
Дар ин чаман чу булбули сад неш хор хӯрдам
Чун ғунчаи вонкрдми рози ниҳони худ ро
Ҳар кас қадам биорад ин хона хона ӯст
Доим чу худ шимурдами ман миҳмони худ ро
Яксон ҳисоб кардам ояндаро ба мозӣ
Нагузоштам тафовути ҳаргизи замони худ ро
Қади хамидаи мо корӣ накард охир
Бисёр озмудем зӯри камони худ ро
Ҳар чанд хоксорем олӣаст ҳиммати мо
Бар садр кас надодем зон остони худ ро
Бардоштами съидои дилро зи дайну дунё
Кардам ба ишқ , савдои суду зиёни худ ро