Ҳар шевае ки ҳаст дар ин ҷои баҷо хуш аст
Аз гули сафоу ранги зи булбули наво хуш аст
Як дами ҳузурро ба ҷаҳонӣ наме диҳем
Олам ба коми мост агар вақти мо хуш аст
Дилбар ки ёр шуд маза аз ишқ ме равад
Маъшӯқи пурситезау ноошно хуш аст
Дили мавҷи хези гиряу чашмами зи хӯн пар аст
Соқӣ биор бодаи сафоу ҳаво хуш аст
Маҷнӯни ман зиёда ҷунун мекунад зи панд
Бедардро камон ки ба дардами даво хуш аст
Хуш давлатӣаст хизмати мардони роҳи ишқ
Нашунидае ки сояи боли ҳумо хушаст ?
Бигузар зи кори олам ва бигзор бо фалак
Кин хонаи нифоқ ба ин кадхудо хуш аст
Султон ба ҳоли хеши съидогар хуш аст
Ғамгин машав ки низ ба ҳолаши гадо хуш аст