Аз хасу хори ҳаводиси қалби моро кӣ сафост
Ақл то дар хонаи мо пешво ва кадхудост
Бефано кӣ дида ботин шавад бино ба ҳақ
Нестӣ гардӣаст кон дар чашм ҳастӣ тўтёст
Ҳар ки дар чашм хилоиқ шуд сабк дар роҳи ишқ
Ҷазбаи матлӯб бо ӯ ҳамчуи коҳ ва каҳрабост
Хастаи мо ба зи қанд ва гул нагардад эй табиб
Зон шукри лаб , ҳарфи талхии ёд агар дорӣ давост
Барнаме гардад касе маҳрӯм аз ин дар то абад
Соҳиби ин хона бо бегонагон ҳам ошност
Гуфт дилгар ошиқии меҳнати сароро дар бикӯб
Гуфтамаш тоқат надорам гуфт ишқат пас ҳавост
Шукрҳо дорад съидо аз худо дар корҳо
Гарчи афтодааст дасташи норасо , табъаш расост