Боис омадани рӯҳ ба абадон , ишқ аст

Сабаби маърифати ҳазрати инсон ишқ аст

Офтоб аз нафаси субҳ муҳаббат шуд гарм

Муршиду пешрави софи замирон ишқ аст

Мисрро Юсуф мо кард ба олами машҳур

Сабаби гармии бозори азизон ишқ аст

Ношиносем ва дар ин хона ба аҷз омада ем

Манъмони рости салом ва ба фақирон ишқ аст

Ёр багушӯд сари зулфи шаби ялдо ро

эй ҷгрсўхтгони шоми ғарибон ишқ аст

Ҳар ки мардаст биҷуз ишқ надорад корӣ

Кисвату косибӣу пешаи мардон ишқ аст

Кӣ гирифтор ба зулфу хам кокул ме шуд

Чаҳ кунад кас ба миёни силсилаи ҷунбон ишқ аст

Чаҳ кунӣ гар нагузоранд съидои он ҷо

Ёр бераҳм , ту савдоеу дарбон ишқ аст