Безарфро шароби шррбор , мушкил аст
Пои бараҳнаи сайри гул [ ва ] хор мушкил аст
Гуфтам ба чашм ӯ ки чаро дилбар аст гуфт
Парҳези пеши мардуми бемор мушкил аст
Мӯсои зи заъфи дил ба Асо такя кард ва рафт
То кӯҳ тавр дид ки дидор мушкил аст
Алҳақ ба ғайр ҳақ натавон гуфт ҳақи манам
Рафтан ба пои худ ба сари дор мушкил аст
Дилро ба чашм ӯ зи нигаҳ бештар сипор
Савдои хоми нози харидор мушкил аст
Дар ин сарои ду дарраи чори тоқи даҳр
Зинҳори фикр кор макун кор мушкил аст
То ғунчаи лабат ба сухан вонмӣ шавад
Донистани ҳақиқати асрор мушкил аст
намегуфтамаш қасидаи съидо дар ин замин
Локини радифу қофия бисёр мушкил аст