Ҳар чиз ки рӯ медиҳад аз мост ки бар мост

Ҳар чанд ки ӯ медиҳад аз мост ки бар мост

Сарчашма буд қисмати мо оби равон ро

Ин об ки ҷӯ медиҳад аз мост ки бар мост

Гар ғайр аз он кӯй шавад [ рад ] чаҳ аҷоиб ?

Моро ки чаҳ рӯ медиҳад аз мост ки бар мост

Хешӣ ки з мо тофт ҷабин , ғайр шиносем

Бегона ки рӯ медиҳад аз мост ки бар мост

Ҳар бут ки сухан гуфт ба мо дилбар мо ӯст

Он ғунча ки бӯ медиҳад аз мост ки бар мост

Моро гилаи з ӯ нест ки бад дод ҷазо ро

Вар зон ки накӯ медиҳад аз мост ки бар мост

Гар қисмати мо бодаи съидост вагар санг

Ҳар чиз ки рӯ медиҳад аз мост ки бар мост