Шоҳид моҳаст махфӣ дар зуҳӯри хештан

Офтоби мост дар ҷлбоби нури хештан

Аҳмади мо басти эҳром аз дар дайри талаб

То мушарраф шуд бмъроҷи ҳузури хештан

Мӯсои ҷонро басират дод ва аз шохи дарахт

Навбати ании ано аллоҳ зад батавр хештан

Дод дилро нағмаи Довӯдӣ ва беҳарфу савт

Хонд дар кҳсор ва дар водии збўри хештан

Зер пар бигирифт бадву хатмро чун ҷилва кард

Он сулаймони ҳақиқат дар зуҳӯри хештан

Исои моро бишорат дод бар нури вуҷӯд

Офтоби рӯҳ бо андоми ъўри хештан

Комили мо нуқта шуд дар таҳти бои исми зот

Гашти сорӣ дар ҳуруф ва дар сутури хештан

Ёр бар кун ва макон бигузашту ҷон тоза дод

Ҳар дил ва ҳар ҷон ки дид андари убӯри хештан

Аз камол зот омад то ҳаюлои нахуст

Комили мутлақ ки напасандад қусӯри хештан

Аз канори ҷӯй худ рӯйанд сарви қади хеш

Дар биҳишти худ хиромон кард ҳури хештан

Ман бхок афтода будам кард бар рӯем нигоҳ

Чашм накушояд бкси ёр ар ғурури хештан

Ғайраташи хокистар буд сафо бар бод дод

Сӯхти моро ёр бо ишқи ғаюри хештан