Моу дилгар поси ишқи парда дар хоҳем дошт

Пардаи ғайр аз ҷамоли дӯст бар хоҳем дошт

ИкнФс бо ӯ набошему биҷуз ӯ нанигарем

Поси анфосу мурооти назар хоҳем дошт

Бесар ва бепой гар бошем ва бесомон чаҳ бок

Дар бисоти фақри фарқи тоҷўр хоҳем дошт

Хусравонро сари фурӯи норим бар тоҷу камар

Каз каромати тоҷ ва аз рифъати камар хоҳем дошт

Аз тариқи ишқи бинӣ дар ҳавои ишқи дӯст

Гар ду пои хеш бар бандеми пар хоҳем дошт

Кӣ фурӯ монем дар зиндони ҷоҳу орзӯ

Ақли корогоҳу ишқи роҳбар хоҳем дошт

Дили куҷои бандем бар ин илмҳои бе усӯл

Мо биҷузи афсонаи савдоӣ дигар хоҳем дошт

Бар фазои дӯст дар шебу фарози роҳи ишқ

Сабр агар кардем бар душмани зафар хоҳем дошт

Тир агар боради нисори тири ҷон хоҳем кард

Санг агар ояд бпиши санги сар хоҳем дошт

Дар ғамаш бо ашк чун симу рух чун зари ноб

Бут парастем ар ҳавои симу руз хоҳем дошт

Ҳар касеро ишқӣу савдои сиррӣ дар сараст

Мо басари савдои ишқи он писар хоҳем дошт

Бо сари зулфи каҷаш дар хилвати сари сафо

Ростии ошӯбҳо дар баҳр ва бар хоҳем дошт

Бе хабари моӣим зон мӯӣу миёни длФриб

Гар зи ҳоли худ сари мўӣии хабар хоҳем дошт