Чунин шунидам ки лутфи яздон ба рӯй ҷӯянда дар набандад

Дарӣ ки бигушоед аз ҳақиқат бар аҳли ирфон дигар набандад

Чунин шунидам ки ҳар ки шабҳо назари зи файз саҳар набандад

Малики зи кораши гиреҳи кушояд ; фалак ба кинаш камар набандад

Дилӣ ки бошад ба субҳи хезон , аҷаб набошад агар ки ҳар дам

Дуои худро ба кӯии ҷонон ба боли мурғ асар набандад

Агар хаёлаш ба дил бияёд сухан бигӯям , чунон ки тӯтӣ

Ҷамоли ойина то набинад , сухан нагӯяд , хабар набандад

Бар шаҳидони кӯии ишқаш ба сурхи рӯе илм нагардад

Ба ранги лола касе ки доғи ғамаш ба лухт ҷигар набандад

Ба зердастон макун такаббур ; адаби нигаҳдор агар адибӣ

Ки сарбаландӣу сарфарозии гузар бар оҳ саҳар набандад

зи тири оҳ чу мо фақирон , шавад мушаббак агар ки шаб ҳо

Фалак бар анҷуми зираи напушад ; қамари зи ҳола сипар набандад

« сафо » ба риндӣ куҷо тавонад дам аз баёнот ошиқӣ зад

Ҳар онкӣ нолад ба нолаи не , чу не ба ҳарҷо камар набандад