Чунонкӣ мешавад аз нури хури ҷаҳони равшан

Шавад зи номи алии қалби дӯстони равшан

Чароғи базми ҷаҳон рӯй Муртазоаст балӣ

Буд бнўрўии ин тираи хокдони равшан

Бломкони з макон рафт чун расӯли худоӣ

Бидид аз рух ӯ базми ломакони равшан

Баёни равшан ӯ мекунад зи аҳли хирад

Замири равшану дили равшану равони равшан

Аз ончроғ ки аз барқи теғ худ афрӯхт

Намӯд то бобади роҳи инсу ҷони равшан

Куҷои зи зулмат ҳайрат раҳад касе ки накард

Чароғи меҳри алиро ба базми ҷони равшан

Кунад зи хок дараш касби файз ва гирад нур

Баҳри сабоҳ ки мегардад осмони равшан

Биҷавии хоки раҳи дӯстони мухлис ӯ

Магар ки чашми хирадро кунӣ бони равшан

Бигӯ муҳиби варо ғам махӯр зи зулмати қабр

Ки ҳаст хонаи гӯри ту ҷовдони равшан

Касе ки шамъи сифати сӯзад аз ғами ишқаш

Чаҳ базм ҳо кунад аз шуълаи забони равшан

Сағири бандаи ишқи алӣ ва ол алӣаст

Шавад ҳақиқати гӯянда аз баёни равшан