То буд зулфи ту асбоби парешонеи мо

Рӯ ба сомон наниҳад бе сарви сомонии мо

На ту раҳмоварӣу не аҷал ояд мо ро

Аз дили сахти ту фарёду гарони ҷонии мо

Дид ҳаркаси рухи ту волау ҳайрон ту шуд

На ҳамин ҳасан ту шуд боиси ҳайронии мо

зи остини ашки биФзўду з домон бигузашт

Оҳ аз ин сайл ки дорад сари вайронии мо

Ҳамчу хуршед аёнаст ки дар малики ҷаҳон

Маҳвашӣ нест чу дилдори сафоҳонии мо

Кофарӣ сахт шуд аз сустии мо дар радаи дайн

Сабаби равнақ куфраст мусулмонии мо

Рӯзи маҳшар чу сар аз хок лаҳад бардорем

Номи некӯии ту нақшаст ба пешонии мо

Набарди сарфаи яқини рӯзи ҷазо эй зоҳид

Зуҳди фоши ту з май хӯрдани пинҳонии мо

Мо сағир аз паии зоҳиди сӯй масҷид наравем

Масҷиди арзонӣ ӯ майкадаи арзонии мо