Даври ҳиҷронро магар итмом нест
ё магари субҳ аз паии ин шом нест
Бо ки бифиристам ғами дилро бадваст
Чун сабои ҳам муҳаррам пайғом нест
Неи миннат танҳо ба дом афтода ам
Кист онкўи бастаи ин дом нест
Хондаам таърихи даври рӯзгор
Ҳеҷ даврӣ ба зи давр ҷом нест
Чун дили ман ошиқӣ оғоз кард
Гуфтам оъози туро анҷом нест
Ҳар касе комӣ гирифт аз ёри хеш
Кас чу ман дар ошиқон ноком нест
Ошиқиро шарт беандоза аст
Ин қабои зебо ба ҳар андом нест
Гар тариқи ишқ май пўӣии сағир
Пухтаи шӯ кин раҳи раҳ ҳар хом нест