Қурбони он замон ки замон ва макон набӯд
ӯ буду ҳарфӣ аз ман ва мо дар миён набӯд
Ғофили зи касби суду зиёни худ аз адам
Сӯии вуҷӯди раҳи сипари ин корвон набӯд
Маънӣ надошт шарҳи фироқу ҳадиси васл
Шукру шикояти ин ҳамаи вирд забон набӯд
Эъҷози анбиёу каромоти авлиё
Саҳару фасона дар бар халқ ҷаҳон набӯд
Аздодро набӯд танозӯъ ба якдигар
Гетии дучори ҷнки баҳор ва хазон набӯд
Аз ҳирсу ози байни салотини рӯзгор
Ин хасмӣу муҷодала дар ҳар замон набӯд
Навъи башар ба олати қаттолаи сохтан
То ин ҳудӯд бо ҳунар ва кордон набӯд
Аз аи нФҷори бомби атуми шаҳрҳо чу дӯд
Бо сокинини худ сӯии гардун равон набӯд
Танҳо ҳамин з адл намерафт суҳбатӣ
Зулм аз тавонгари ин ҳама бар нотавон набӯд
Аз фарти нотавонӣ ва аз касрати ғурур
Помоли ғами заъифу қавӣ саргардон набӯд
Шойиъ набӯд ин ҳамаи табъиз дар башар
Ин нои мурод ва он дгарӣ Комрон набӯд
Ҳон бар сағир то набарӣ занни бад ки ӯ
Бар дастгоҳи қудрати ҳақ бадгумон набӯд
Ҳар зарраи гашти ҷилвагар аз ғайб дар шуҳуд
Ғайр аз нишони қудрати он бенишон набӯд