Он ки аз дӯсти биҷузи дӯст тақозо дорад

Лофи ишқ ар бузанд даъвӣ биҷо дорад

Нозами он шӯх ки аз ғамзау таннозӣу ноз

Дилбариро ҳамаи асбоб муҳайё дорад

Дар ғами силсилаи мӯии ту эй Лайлии ҷон

Ҳамчуи маҷнӯни дили мо хайма бсҳро дорад

Накушуд ним нафаси ишқи ту пой аз сари мо

Ин худ аз ғояти Лутфии асткаҳ бо мо дорад

Доманами пари гуҳар аз чашма чашмаст мудом

Нозами ин чашма ки тарҷеҳ бдрё дорад

Чархро ишқ дароварда бигардаш ин шоҳ

Зери фармони зи срӣ то ба сурайё дорад

Ҳамаи аҷзоъи ҷаҳони ҷозибу маҷзӯби ҳманд

Ростии коргаҳи сунъ тамошо дорад

Нотавонро ки буд баҳри риояти масъӯл

Он ки бозуии ҳунарманд ва тавоно дорад

Кӣ баҳол ту бисӯзад дили дилдори сағир

Шамъ аз сӯзиши парвона чаҳ парво дорад