Дар малики вуҷӯди ончӣ ки аз хок барояд
Он ба ки адам гардад ва аз ток барояд
Хуршеди фалак тира шавад рӯзи ҷаҳони шаб
Гар дӯди дили ман сӯй афлок барояд
Иктни зи ҳамаи халқи ҷаҳон зинда намонад
Он рӯз ки шамшери ту бебок барояд
Мақтӯли хами абрӯии ту рӯзи қиёмат
Аз зери лаҳад бо дили сад чок барояд
Доне чаҳ буд сайқали ойинаи хотир
Оҳӣ ки саҳар аз дил ғамнок барояд
Ҷузи аҷзу тазаррӯъи бабрати тӯҳфа чаҳ орем
Хокему биҷузи аҷз чаҳ аз хок барояд
Дар ҳашар кунад дӯзахёнро ки биҳиштӣ
Ин кори сағир аз шаҳ лўлок барояд