Ғами ишқат на ҳамин қасди дил ва ҷонам кард

Ки раҳ ақл заду рахна ба имонам кард

Моти худ сохт маро чун ки бмънӣ нагарм

Онкӣ дар сӯрати зебои ту ҳайронам кард

Ҳамчуи паргор ки дар доира саргардонаст

Нуқтаи холи ту саргашта давронам кард

Бо чаҳ ташбеҳ кунам лоғарии худ ки ғамат

Он чаҳ аз заъф наёяд баназар онам кард

Хотами лаъли ту дар дасти хаёлам чу фитод

Мӯр будам ба заъифӣ ва сулаймонам кард

Дӯш дар маҷмаъи ушшоқ ба ман боди сабо

Бўӣӣ аз зулф ту оварад ва парешонам кард

Баҳри ман софӣу равшани дилӣу покии бас

Чаҳ ғам ар ишқи ту чун оина урёнам кард

Мизбони азал алҳақ ба ман икром намӯд

Ки сар хон ғами ишқи ту меҳмонам кард

Магарати роҳи бдрё буд эй чашмаи чашм

Ки бики чашм задани сайли ту вайронам кард

Пеш аз ин буд маро қуфл хамӯшӣ бидиҳон

Он ғизоли ҳарами ҳасан ғзлхўонм кард

з чаҳ рӯи рояти рифъат ба хур осон назанам

Ки худои хок дар шоҳ хуросонам кард

То абади дасти ману домани он шоҳи сағир

Каз азал ӯ гуҳари файз бдомонм кард