Зон фирқа бипарҳез ки парҳез надоранд

Зон тайифа бигурез ки тмииз надоранд

Мардум бифишоранд зи нодории инсоф

Як чиз надоранду ҳама чиз надоранд

Нек арнигарӣ чораи бечорагии халқ

Раҳмаст ки андари ҳақи худ низ надоранд

Ҳангоми масоиб ба тислои дили ҳам

Ҷузи ҳарфи ғами афзои ғам ангез надоранд

Оҳанги ҳақи ин мардуми ғофили зи ҳақи имрӯз

Ҷуз аз гулӯии мурғи шаб овез надоранд

Рӯзи ҳама ҳамчун шаби диҷўр сиёҳ аст

Чун ҳурмати мардон саҳархез надоранд

Ислоҳ фасодӣ накунанд аз ҳаму баракс

Дар кори ҳам аз муфсида парҳез надоранд

Бниўши сғирои сухани аҳли сафо ро

Кин силсилаи ҳарфи ғараз омез надоранд