Ҳаркаси надидаи ғорату яғмои туркман

Бабанд асири бурдану тороҷи тарки ман

Донам ки дил аз ӯ натавонам дигар гирифт

Мушкил буд асир гирифтани зи туркман

Гуфтам магари ду асбаи гурезами зи дасти ғам

Он ҳам нишаста буд чу дидам ба тарки ман

Аз ман ки тарк ҷон бинмудам ба роҳи ёр

Ғайр аз вафо чаҳ дид ки бинмуд тарки ман

Бо тоҷи шаҳи сағир баробар наме кунам

Ин афсар намад ки ту бинӣ ба тарки ман