эй ёри бкс вафо накарда

Ҷузи ҷавру ҷафо бмо накарда

эй дарди даруни дардмандон

Дониста ва эътино накарда

Сад дард ки омад ва рафтӣ

Дарди дили мо даво накарда

Гуфтӣ ки вафо кунӣ пас аз ҷавр

Тарсам накунӣ худо накарда

Ман кистам он балокаши ишқ

Андешаи з ибтило накарда

Бар ман нагузаштааст то ҳол

Рӯзӣу шабӣ дуо накарда

ё раб чаҳ кунам дигар надорам

Тирии зи камон раҳо накарда

Бахтам ки буд бихоб бо ман

Ғиристи худ ошно накарда

Бедор шавад дигар куҷо кӣ

Ин хуфтаи дидаи вонкрдаҳ

Рафтанд аз ин диёри ёрон

Рӯи ҳеҷ сӯй қафо накарда

Монанди сағир аз замона

Коми дили худ раво накарда