Ҳазрати луқмон ки бнўъи башар
Ҳаст зи ҳикмат ба ҳақиқати падар
Бо писари хеш барои ршод
Гуфт суханҳо зи тариқ ва дод
Лоҷарам аз он дрри обдор
Гӯямат ин чор дар шоҳвор
Гуфт писарро ки ду ҳарф аз замир
Маҳв макун панди падар дар пазир
Зон ду яке марг буд як худо
Бошад аз ин ҳар ду тағофули хато
Ҳар ду дигар ҳаст фаромӯш кун
Ҷони падари панди маро гӯш кун
Зон ду яке инки агар дар ҷаҳон
Каси бтў бад кард ту бигузар аз он
Ваон якаш ин каз ту зи роҳи вафо
Рафт чу некӣ бксӣ кун раҳо
Нест мари ин чори суханро назир
Он ду бигир ин ду раҳо кун сағир