эй ки озурдани хилқат кор аст

Ҳам мукофоти ту он озор аст

Ҳарчӣ хоҳии ту барои дгарон

Мерасад баҳри ту аз ғайби ҳамон

Гар туоне ба хилоиқи зи вафо

Боз кун роҳи карами боби ато

Зар бидиҳ нон бирасон ёрӣ кун

Меҳрбон бош ва вафодорӣ кун

Гоҳи андарзи баҳами сози қарин

Сухани талху баёни ширин

Талх агар фаръ муҳаббат бошад

Сари басари шаҳд ва ҳаловат бошад

Ту агар шоҳ ва агар дарвешӣ

Дон ки пои басти сифоти хешӣ

Сифати нек азизат созад

Хуии бад аз ?назарет андозад