Чун ҷурм гунаҳ вафост мо ро

Ҳар навъ кашад сазост мо ро

Аз ханҷари хеши хӯни мо рехт

Зин беш чаҳ хўнбҳости мо ро

Ҳар вақт ки бо рақиб бинишаст

Дар маҳфили хеши хости мо ро

Якбор ба базм хеш нанишонд

Навъе ки сазои мости мо ро

Чндонкаҳ чу бадари ҳасанаши афзуд

Монанди ҳилоли кости мо ро

Аз мо шудаи муддаии гурезон

Донад ки чаҳ муддаост мо ро

Дорад сари қатли мо ва дар сар

Ғофил ки ҳамин ҳавост мо ро

Дар ишқ ( саҳоб ) ҳар ки аз хеш

Бегона шуд ошност мо ро