Доне ки шӯхи хуши сухани хуши каломи мо
Ҳарфӣ ки новирд ба забон чист ? номи мо
Ҳосил шавад ба ним нигоҳи ту коми мо
эй лутфи нотамоми ту айши тамоми мо
Пурсед номи мо бути ширини каломи мо
Гӯйӣ заданд сикка ӣ давлат ба номи мо
Гуфтам ба дил ки то ба ки ӣӣ беқарор гуфт :
Чндонкаҳ ҳаст дар кафи ишқаши зимоми мо
Ҳам гиряҳои мост ба ҷо дар хаёли васл
Ҳам ханда ӣ фалак ба хаёлоти хоми мо
Дар аҳд нест кас ба ҷаҳон чун ту бе сабот
Зонсон ки дар вафоу саботу давоми мо
Гар дил намекашид чунин оҳи оташин
ё раб ки мекашид зи чархи интиқоми мо ?
Моро ба базми худ ба гумон рақиб хонд
Мо шодмон аз ин ки кунад эҳтироми мо
Гуфтам ки бо каси он бути ширини сухан ( саҳоб )
Гуяд сухан на инки ҷавоби саломи мо