Дилами зи сина бурун рафту ҷон буд танҳо
Чу булбулӣ ба қафас аз ҳам ошён танҳо
Ба ёрии ту кунунам кашад хушо вақте
Ки буд душмани ҷони ман осмон танҳо
Агар ба куштани халқи ҷаҳон чунон кӯшӣ
Ҳамин ту ҷони ҷаҳони Монӣу ҷаҳон танҳо
Садоқат дигараш ҳаст ҷузи дамӣдани хат
Гул маро набӯд мавсими хазон танҳо
Зхоки кӯии ту ҳам ёфтам чу ёфт ( саҳоб )
Ҳамин наёфт Хизри умри ҷовдон танҳо