Ҳар замони доман ба хӯн бегуноҳӣ тар кунад

Чун расад навбат ба ман андеша аз маҳшар кунад

Сол ҳо кардем бар кӯии ту дар сари хок ҳо

То ки дар кӯии ту дигари хоки мо бар сар кунад

Қӯти як оҳ дорад дил намедонад каз он

Чораи бедоди он ё кӣна ахтар кунад

Дасти ҳиҷрони тўош дар бар кунад сад ҷомаи чок

Ҳаркии рӯзии халъати васли туро дар бар кунад

Пар буд чун соғари ман доим аз хӯни ҷигар

Баъди мурдан дигар касе хоки маро соғар кунад

Гоҳе аз ворастагии ҳарфӣ барои маслиҳат

Бо рақибон гӯяму тарсам ки ӯ бовар кунад

Оташи ғами сарсар ҳиҷраш кунад бо ман ( саҳоб )

Ончии оташ бо гёи сарсар ба хокистар кунад