Аз ман ба ҳазари ёр ҳўснок набошад

Гар доманам аз лавси ҳавас пок набошад

То хоки сари кӯии ту бар сар накунад кас

Гарем ки зи ашками асар аз хок набошад

Тасдиқ ба ғавғоӣ қиёмат натавон кард

Гар ҷилва ӣ он қомат чолок набошад

Он кист надонам ки аз он чоки гиребон

Имрӯзи гиребон ба таниш чок набошад

То соғар май дар кафи соқист ба гардиш

Андешае аз гардиш афлок набошад

Бошад зи худои як ҷӯ агар дар дил ӯ бок

Дар куштани халқи ӣнҳама бебок набошад

Бар ҳоли ту зоҳид будам рашк ки кас ро

Пурвой ғамӣ нест чу идрок набошад

Дар базми тугар ҷой ( саҳоб )аст аҷаб нест

Чун ҳар чаманӣ бехас ва хошок набошад